Даргузашти модари собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов


Имрӯз дар синни 88-солагӣ Ашӯрбӣ Салимова, модари Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва феълан маҳбуси сиёсӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, адвокати Салимов хабар дод, субҳи имрӯз дили зани 88-сола аз тапиш бозмонд. Ҷасади ӯ дар диёраш – ноҳияи Вахши вилояти Хатлон имрӯз ба хок супурда мешавад.

Зимистони соли 2011 Ашӯрбӣ Салимова

муддати 8 рӯз

назди манзили президенти Тоҷикистон сари зону истода буд, то ки бо ӯ ҳарфе чанд радду бадал кунад, вале посбонон ба ӯ изҳор дошта буданд, ки «ҳатто ин ҷо худатро оташ занӣ ҳам, чизе ҳосил намешавад».

Ёдрас мекунем, ки соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши роҳандозии табаддулоти давлатӣ айбдор карда шуд. Аз ин рӯ, Салимов Тоҷикистонро тарк гуфт, вале соли 2003 дар Русия ба ҳабс гирифта шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид. Мурофиаи додгоҳии Ёқуб Салимов ба таври пӯшида муддати 5 моҳ сурат гирифта, ӯ ба 15 соли зиндон бо адои мӯҳлати ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Ёқуб Салимов дар соли 1992 дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олиии Тоҷикистон ба унвони нахустин вазири корҳои дохилии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мансуб шуд. Ӯ то соли 1995 дар ин мақом ифои вазифа карда, баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин гардид. Аммо бо гузашти як сол дубора баргашт ва ба раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ дар ҷараёни ин ҷангҳо ба яке аз фармондеҳони намоёни Фронти Халқӣ ва ба яке аз наздикони Сангак Сафаров – раиси Фронти Халқӣ табдил ёфт, ки дар сари давлатдорӣ овардани президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда дорад.

Айни замон Ёқуб Салимов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлияи ҶТ дар маркази шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад. Ахиран дар доираи афви эълоншуда ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ муҳлати ҷазои Ёқуб Салимов

2 сол кам шуда,

то анҷоми пурраи мӯҳлати адои ҷазои ӯ ҳудуди 3 соли дигар боқӣ монд.

spot_imgspot_img

Популярное