Даъвои ҲНИТ нисбати шабакаҳои телевизонӣ рад шуд

Имрӯз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбати Кумитаи телевизиону радиоро рад кард. Ҳамчунин шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» низ ҳамҷавобгар мебошанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати ҲНИТ хабар дод, ин қарор дар ҷаласаи судӣ таҳти раёсати муовини аввали раиси суд Ҳафиз Темуров қабул шуд. Қарори худро […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбати Кумитаи телевизиону радиоро рад кард. Ҳамчунин шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» низ ҳамҷавобгар мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати ҲНИТ хабар дод, ин қарор дар ҷаласаи судӣ таҳти раёсати муовини аввали раиси суд Ҳафиз Темуров қабул шуд. Қарори худро суд чунин маънидод кардааст, ки барномаҳои телевизионие, ки дар онҳо гузоришҳои алайҳи фаъолияти ҲНИТ намоиш дода шуданд, аз ҷониби журналистон шабакаҳои давлатӣ омода нагардидаанд.

Ба андешаи мақомоти судӣ, ин барномаҳо бо кӯшиши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пахш шудаанд. «Пас аз дастрас шудани қарори расмии суди ноҳия, мо аз болои он ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд», – зикр кард Б.Ёров.

Ҷаласаи аввали судӣ оид ба баррасии ин даъво

8-уми октябри соли равон

дар ҳамин суд доир гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки санаи

19-уми сентябр

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...