Тақвияти ҳамкориҳои минтақавии ИМА дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон бо дастгирии ИМА конфронси минтақавӣ, ки ба такмил додани ҳамкории байналмилалии миёни намояндагони мақомоти давлативу муассисаҳои илмӣ, марказҳои таълимӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар самти муқовимат бо хариду фурӯши одам таваҷҷуҳ менамояд, баргузор намуданд. Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, […]

ASIA-Plus


Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон бо дастгирии ИМА конфронси минтақавӣ, ки ба такмил додани ҳамкории байналмилалии миёни намояндагони мақомоти давлативу муассисаҳои илмӣ, марказҳои таълимӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар самти муқовимат бо хариду фурӯши одам таваҷҷуҳ менамояд, баргузор намуданд.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ намояндагони агентиҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин созмонҳои ғайридавлатие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Дар рафти конфронс иштирокчиён роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ, ва масоили умумии марбут ба қурбониёни хариду фурӯши одам, минҷумла муайянсозӣ, ҷалб шудан ба мурофиаҳои судӣ, ҳифз, бозгашт ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани қурбониёнро баррасӣ карданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии идораи байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) назди Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби СБМ пиёда гашт. Дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон, ин лоиҳа кӯшишу талошҳои Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон тавассути қонунгузорӣ, омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони судӣ ва таъсис додани механизми миллии роҳнамоии муайянсозӣ ва расонидани кӯмак ба қурбониёни хариду фурӯши одам дастгирӣ менамояд.

Лоиҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одам яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ шудааст. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...