Мусоидати Русия ба баргузории интихоботи президенти Тоҷикистон дар қаламрави худ

spot_imgspot_img

Дата:


Дар асоси карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Тверь, Тула, Ярославль, Рязань, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахань, Екатеринбург, Тюмень, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкаҳои интихоботи кушода хоҳанд шуд.

Намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Точикистон дар ФР Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок ва овоздиҳии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Россия, ки бо таври доимӣ ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баъди эълони санаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷониб бо мақомоти расмии кишвари иқомат мунтазам дар иртибот аст.

«Ахиран ба дархости расмии Сафорат аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия посух расид, ки ҷониби кишвари иқомат ҷиҳати баргузории ин маъракаи муҳими сиёсии мо дар қаламрави Федератсияи Россия тамоми шароитро муҳайё намуда, ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд. Ба тақвияти ин суханон  бояд гуфт, ки дар ин муддат то ин ҷониб кулли роҳбарият ва намояндагони масъули мақомотҳои расмии шаҳру вилоятҳои кишвари иқомат бо Сафорат дар тамос буда, мунтазам дар ҳалли масъалаҳои марбута бо мо машварат доранд. Ҳамчунин, дар ин замина сафорат бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар иртибот буда, сари ин мавзуъ кор мебарад», – иброз дошт ӯ.

Аз ин рӯ, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкаҳои интихоботӣ кушода хоҳанд шуд.

Ба қавли ӯ, дар ҳамаи ин участкаҳои номбаршуда маросими овоздиҳӣ аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ баргузор мегардад. Дар ин фосилаи вақти муаяйншуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, лозим аст ба участкаи интихоботии наздиктарин ҳозир шуда, раъй диҳанд. Ҳангоми омадан ба участкаи интихоботӣ бо худ доштани шиносномаи дохилӣ ва ё хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

-Бо назардошти он ки вақтҳои ахир дар атрофи масоили будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат вазъият ва ҳолатҳои вазнин ба миён омада истодаанд, Сафорат бо дарки  ин нукта, аз ҳамватаноне, ки имконияти шахсан омадан ба участкаҳои интихоботиро надоранд, хохиш менамояд, ки ҷойи дастаҷамъонаи зист ва кори худ ва ҳамроҳонашонро ба комиссияхои интихоботии участкавӣ муайян намоянд. Дар ин сурат, комиссияи интихоботии участкавӣ аз рӯйи имконият, агар лозим ояд,  намояндагони худро бо қуттиҳои сайёри интихоботӣ ба ин ҷойҳо равон хоҳад кард, – мегӯяд М.Эгамзод.

Зимнан зикр гардид, ки дар самти огоҳонидани шаҳрвандони мо оиди баргузории интихоботи президентӣ Сафорат аз ҳамаи захираҳои мавҷуда истифода намуда истодааст. Пеш аз ҳама тавассути аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар, сарварони бригадаҳои меҳнатӣ дар бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо, иншоотҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои азим, ки дар он ҷойҳо шаҳрвандони мо якҷоя кор мекунанд, хабари баргузории интихобот ва даъват барои иштироки онҳо дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ паҳн мегардад. Ахиран, медиа-холдинги тоҷикии Tajinfo тасмим гирифтааст, ки шумораи навбатии нашрияи «Тоҷикони Россия»-ро пурра ба ин мавзуъ бахшида, дар он номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро ба хонандагон муаррифӣ намояд. Адади нашри пурраи ин шумора, ки 23.500 донаро ташкил мекунад, ба таври ройгон дар шаҳру вилоятҳое, ки дар он ҷойҳо участкаҳои интихоботӣ кушода мешаванд, паҳн карда мешавад. Интернет-родиёи «Муҳоҷир», ки доираи васеи шунавандагони худро дорад, низ ба ин иқдомот ҷалб гардидааст.

«Ногуфта намонад, ки дар қатори доштани ҳуқуқи интихоб кардан ва ё интихоб шудан, вазифаи шаҳрвандии мо низ аст, ки дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан иштирок намоем ва овоз диҳем. Бинобар ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳамаи ҳамватанон дар Россия  хохиш дорад, дар ин чорабинии муҳим фаъолона иштирок намоянд», – афзуд номбурда.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...