Духтари хурдсол ба киву аз куҷо будани президент таваҷҷуҳ кард

Субҳи рӯзи якшанбе зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии ноҳияи Фархор як духтарчаи се-чорсола, ки миёни пешвозгирандагон ҳузур дошт, ба сарвари давлат шикоят кард, ки ӯ хунук хӯрдааст. Президент бо суханони «биё ман туро худам гарм мекунам» духтарчаро ба оғӯш гирифт. Дар навбати худ духтарча аз президент пурсид, ки «ӯ кисту» «аз куҷо» омадааст. Сарвари […]

ASIA-Plus


Субҳи рӯзи якшанбе зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии ноҳияи Фархор як духтарчаи се-чорсола, ки миёни пешвозгирандагон ҳузур дошт, ба сарвари давлат шикоят кард, ки ӯ хунук хӯрдааст.

Президент бо суханони «биё ман туро худам гарм мекунам» духтарчаро ба оғӯш гирифт. Дар навбати худ духтарча аз президент пурсид, ки «ӯ кисту» «аз куҷо» омадааст. Сарвари давлат посух дод, ки ман аз Душанбе ба Фархор омадаам ва ваъда дод, ки ӯро бо худ ба Душанбе мебарад. Ин вохӯриву суҳбати духтарча бо президент дар тамоми шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

Президент ба шахсони ӯро ҳамроҳикунанда муроҷиат намуда, изҳор кард, ки кӯдакони хурдсолро ба чунин чорабиниҳо ҷалб насозанд.

Қобили зикр аст, ки ахиран зимни сафари сарвари давлат ба манотиқи кишвар мақомоти маҳаллӣ омодагии зиёд мегиранд. Барои пешвози президент чорабиниҳои махсусе омода мегарданд, ки ба он аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла пиронсолону кӯдакон ва ҷавонон ҷалб карда мешаванд.

Моҳи октябри соли гузашта зимни ифтитоҳи нақби Шаҳристон бо иштироки президент пеш аз оғози маросим барфи тар борида, духтарони мактабхон, ки ӯро пешвоз мегирифтанд, либосҳои сабуки миллӣ дар бар доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.