Ба нишони эътироз соҳибкор Зайд Саидов ва адвокатҳои ӯ аз иштирок дар мурофиаи имрӯза даст кашиданд.
Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳанӯз дар мурофиаи гузашта Зайд Саидов ба нишони эътироз аз суд дархост намуд, ки минбаъд парвандаи ҷиноии ӯ бидуни ҳузури худаш дар толори суд баррасӣ шавад. Саидов аз якҷонибаву ғайривоқеӣ ва бидуни риояи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баррасӣ шудани парвандааш норозигӣ изҳор намудааст.
«Саидов ва мо, адвокатҳо бар ин назарем, ки суд баръало якҷониба ва бо тамоили гунаҳкор сохтан ҷараён дорад, ки аз ҷониби суд рад шудани ташсиси такрории ДНК-и кӯдак, ки ба эҳтимоли падар будани ӯ ба ин кӯдак соҳибкорро гунаҳкор мекунанд, гувоҳи он аст», – иброз дошт ӯ.
Адвокат мегӯяд, онҳо ба суд 5 дархост пешниҳод намуда, баррасии онҳо «мавқуф» гузошта шудааст ва миёни онҳо дархост дар бораи ба мурофиа ҷалб намудани ёвари президенти Русия
Владислав Сурков
низ мавҷуд аст. «Мо даъвати Сурков ба мурофиаро дархост накардем, танҳо хоҳиш кардем, ки ба Суди олии Русия муроҷиат намуда, аз рӯйи далели қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бозпурсӣ шавад, вале баррасии ин дархост ҳам мавқуф гузошта шуд», – изҳор кард Қудратов.
Ба қавли ӯ, яке аз сабабҳои аслии аз иштирок дар мурофиа даст кашидани Саидов рад шудани дархости баргузор намудани ташхиси такрории ДНК-и кӯдак аст. «Ташхиси аввали ДНК бидуни риояи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ гузаронида шуд, чунки аз зерҳимояи мо мавод барои ташхиси генетикии ДНК гирифта нашуда буд ва аз ин рӯ, мо ба хулосаи ин ташхис шубҳа дорем», – мегӯяд адвокат.
Мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, ҷаласаи судӣ бидуни ҳузури судшаванда, вале бо иштироки ҳатмии ҷониби ҳимоя баргузор шуда метавонад ва сарфи назар аз ин, адвокатҳои Саидов дар мурофиа иштирок карданӣ нестанд. «Мутобиқи ин кодекс, суд худаш мустақилона адвокати нав таъин карда метавонад», – афзуд Қудратов.
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.



