Имзои санади ба муддати се сол ҳуқуқи кор пайдо кардани муҳоҷирони тоҷик

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев субҳи имрӯз ба Русия раҳсипор шуд. Рӯзи сешанбе дар Маскав С.Девонаев ва роҳбари ХФМ Русия К.Ромодановский лоиҳаи санад дар бораи тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро ба имзо расониданианд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Иброҳим Аҳмадов хабар […]

Аваз Юлдошев


Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев субҳи имрӯз ба Русия раҳсипор шуд. Рӯзи сешанбе дар Маскав С.Девонаев ва роҳбари ХФМ Русия К.Ромодановский лоиҳаи санад дар бораи тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро ба имзо расониданианд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар ин робита ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироти дахлдор пешбинӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, лоиҳаи протоколи тағйироти дахлдор аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо мақсади иҷрои муқаррароти Ёддошт миёни Тоҷикистону Русия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, ки санаи 5-уми октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикисон ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.

Аҳмадов шарҳ дод, ки дар ёддошт аз ҷумла мувофиқи мақсад будани таҳия ва имзои қарордоди байнулмилалӣ, ки дар он ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия ба муҳлати то се сол иҷозат дода мешавад, зикр гардида буд.

«Ҳамин тариқ, дар протокол ба шаҳрванди Тоҷикистон имкони гирифтани иҷозати кор ба муҳлати қарордоди меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ-ҳуқуқии бастааш барои иҷрои кор ба муҳлати на бештар аз се сол дарҷ ёфтааст», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.