Саодат Амиршоева аз мавқеи ҳамгиройии авруосиёии Путин ҳимоят кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Саодат Амиршоева ва Мунаввара Кенҷаева дар кори мизи гирд таҳти унвони «Нақши ҳамгиройии минтақавӣ дар рушди рақобатпазирии кишварҳои Авруосиё ва таъмини ҳуқуқии он», ки рӯзҳои 22-27-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон – Остона доир гардид, ширкат варзиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар […]

Аваз Юлдошев


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Саодат Амиршоева ва Мунаввара Кенҷаева дар кори мизи гирд таҳти унвони «Нақши ҳамгиройии минтақавӣ дар рушди рақобатпазирии кишварҳои Авруосиё ва таъмини ҳуқуқии он», ки рӯзҳои 22-27-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон – Остона доир гардид, ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ С.Амиршоева изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамеша раванди ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравиро ҷонибдорӣ мекунад.

Вакили парлумони Тоҷикистон аз ҷумла изҳор намудааст: «Дар вохӯрӣ бо аъзои маҳфили мубоҳисавии «Валдай» президенти Русия дуруст қайд кард, ки «Иттиҳоди авруосиёӣ лоиҳаи эмин нигоҳ доштани мутобиқати комили халқҳои паҳнои таърихии авруосиёӣ дар асри нав ва ҷаҳони нав аст».

«Бо сабабҳои таърихӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ташкили раванди ҳамгиройии авруосиёӣ Русия нақши калидӣ дошта, аз Русия ҷаҳиши инноватсионӣ, огаҳиҳо дар бораи ислоҳоти низомиро интизоранд, ки ба манфиатҳои миллии кишварҳои иштирокчии ҳамгиройии авруосиёӣ ҷавобгӯ бошад», – изҳор кардааст С.Амиршоева.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.