Интиқоди Оқилов аз ҷараёни корҳои таҷдид дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд рӯзи 26-уми октябр нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозӣ дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент шинос шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сварвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир аз суръати корҳо дар ин роҳ изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки то ахири сол шумори техника […]

Аваз Юлдошев


Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд рӯзи 26-уми октябр нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозӣ дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент шинос шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сварвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир аз суръати корҳо дар ин роҳ изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки то ахири сол шумори техника ва коргарон дар ин иншоот зиёд карда шавад.

«Айни замон барои корҳои таъмиру азнавсозӣ дар иншооти мазкур 189 адад техника ва беш аз 580 нафар коргарон сафарбар шудаанд, ки 300 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ ва боқимонда коргарони Чин мебошанд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба корҳои таъмиру азнавсозӣ дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент ахири моҳи октябри соли 2012 президенти кишвар ҳусни оғоз бахшида буд. Умуман дар доираи ин лоҳа беш аз 170 километр роҳҳои мошинград таъмиру азнавсозӣ гардида, 31 адад пулҳо таъмиру бунёд мешаванд. Маблағи умумии лоиҳа 140 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуда, 100 млн. аз ҷониби Бонки осиёгии рушд ба сифати бурс ва боқимонда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.