Рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аке Петерсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Питер Семнеби, Консули фахрии Шветсия дар Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев низ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон бо дарназардошти интихоботи президентии дарпешистода, инчунин ҳуруҷи қувваҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 мубодилаи афкор намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Шветсия на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки иқтидори бузурги ҳамкорӣ байни ду давлат вуҷуд дорад ва айни замон аз имкониятҳои он пурра истифода бурда намешавад. Соҳаҳои эҳтимоли ҳамкории байни давлатҳо ин соҳаи маориф, тандурустӣ, рушди энергетикаи обӣ ва амнияти сарҳадӣ мебошанд.
Дар навбати худ, Аке Петерсон ба Вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба тасмими Шоҳигарии Шветсия барои тақвияти ҳузури хеш дар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА, ки ба барқарорсозии Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои коалитсионӣ дар соли 2014 равона карда шудаанд, маълумот дод. Фаъолияти мазкур ба рушди муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шоҳигарии Шветсия мусоидат хоҳад кард.



