Сафорати ҶТ дар Русия: Ҳамла ба қатора ангезаи сиёсӣ надорад


Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бар ин назар аст, ки дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябр рухдода ба қатораи самти Маскав-Душанбе дар қаламрави Русия набояд ангезаи сиёсӣ дода шавад.

Намояндаи сафорат бар ин назар аст, ки ба масъала дар доираи муносибатҳои шарикӣ бояд мақомоти роҳи оҳани ҳарду кишвар расидагӣ кунанд. «Мо бо назари кормандони мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин робита шинос шудем, ки ин ҳодисаро ҳамла неву як «густохии кӯдакона» арзёбӣ кардаанд, вале инро мо худамон набофтаем, балки аз намояндагии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Маскав дар ин хусус ба мо ҷиҳати кумак расман муроҷиат намуданд», – мегӯяд Эгамзод.

Дар идома ӯ изҳор кард, ки дар ин робита сафорати Тоҷикистон тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Русия муроҷиат намуда, тафтиши мӯшикофонаи ин ҳодиса ва

ҷуброни зарари моддии

расида ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дархост кард.

Номбурда ҳодисаи ба ин монанд рухдода бо як қатораи дигари Тоҷикистон, хатсайри Маскав – Хуҷандро низ тасдиқ намуда, аз ҷузъиёти ҳодисаи дуюм ҳарфе нагуфт.

«Ҳодисаҳои мазкур бояд мақомоти роҳи оҳан ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русияро водор созанд, ки бо назардошти вуруди қатораҳо аз кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ сари мизи гуфтушунид нишинанд», – афзуд М.Эгамзод.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 26-уми октябр сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод, ки зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи 20-нафараи ашхоси славянитабор

мавриди ҳамла

қарор гирифта, дар натиҷа 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шуд.

«Ин ҷо наметавон дар бораи ҳамла ба қатора сухан гуфт, чуноне ки сафорат иттилоъ додааст, балки кӯдакон ба қатораи таваққуфдошта дар ин истгоҳ сангпартоӣ кардаанд, – гуфтааст ба ОИ ТоҷикТА сардори хадамоти мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Маҳмадюсуф Абдураҳмонов. – Чунин ҳодисаҳо дар ҳама ҷо рух медиҳанд ва ҳатто дар Тоҷикистон низ кӯдакон ба қатора сангпартоӣ мекунанд. Аз ин рӯ, сари ин масъала наметавон гуфт, ки ба қатора як гурӯҳи шахсони болиғ ҳамла кардаанд».

spot_imgspot_img

Популярное