Вазорати корҳои хориҷии Русия то ҳол ба нотаи сафорати Тоҷикистон, ки дар он таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба қатораи самти Маскав – Душанбе дархост мешавад, посух нагуфтааст.
Дар ВКХ Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чанде қабл намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба унвони ВКХ Русия бо дархости таҳқиқи ҳодисаи рухдода ва муҷозоти саркардагону гунаҳкорони он нотаи расмӣ фиристодааст.
«Мо умедворем, ки рӯзҳои наздик ҷониби Русия тамоми ҳолатҳои ҳодисаро ошкор ва ба санади расмии мо посух мегӯяд», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ тавассути намояндагии дипломатӣ дар Маскав масъалаи мазкурро пайгирӣ дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод, ки шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи 20-нафараи ашхоси славянитабор мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷа 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар васоити ахбори умуми Русия дирӯз ва имрӯз ҳеҷ маълумоте дар ин бора интишор нашуда, дар сомонаи расмии ВКД Русия низ доир ба ин қазия хабаре мавҷуд нест.
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чунин мешуморанд, ки маълумот дар бораи ин ҳодиса аз будаш хеле зиёдтар нишон долда шудааст.
Ҳамчунин чанде қабл, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бар ин назар аст, ки дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябр рухдода ба қатораи самти Маскав-Душанбе дар қаламрави Русия
набояд ангезаи сиёсӣ дода шавад.



