Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр расиданд.
Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, варақаҳои овоздиҳӣ барои ҳавзаҳои интихоботӣ бо он забоне чоп мешаванд, ки аксари мардуми ин ё он ҳавзаи интихоботӣ бо он ҳарф мезанад.
«Айни замон 4 млн. 34 ҳазор варақаҳои интихоботӣ бо чор забони зикршуда нашр шуда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода шуданд ва эмин нигоҳ доштани онро мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли Додоев, аксари кулли варақаҳо бо забони тоҷикӣ, ҳудуди 500 ҳазор адад бо забони ӯзбекӣ, 19 ҳазор – бо забони қирғизӣ ба чоп расидаанд. «Барои танҳо интихобкунандагони вилояти Суғд 5 ҳазору 100 адад варақаҳо бо забони русӣ нашр шуданд», – гуфт ӯ, вале дар бораи шумори дақиқи варақаҳо бо забони русӣ маълумот пешниҳод накард.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.



