Варақаҳои овоздиҳӣ бо чор забон ба нашр расиданд

Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр расиданд. Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, варақаҳои овоздиҳӣ барои ҳавзаҳои интихоботӣ бо он забоне чоп мешаванд, ки аксари мардуми ин ё он ҳавзаи интихоботӣ бо он ҳарф мезанад. «Айни замон 4 млн. […]


Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр расиданд.

Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, варақаҳои овоздиҳӣ барои ҳавзаҳои интихоботӣ бо он забоне чоп мешаванд, ки аксари мардуми ин ё он ҳавзаи интихоботӣ бо он ҳарф мезанад.

«Айни замон 4 млн. 34 ҳазор варақаҳои интихоботӣ бо чор забони зикршуда нашр шуда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода шуданд ва эмин нигоҳ доштани онро мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Додоев, аксари кулли варақаҳо бо забони тоҷикӣ, ҳудуди 500 ҳазор адад бо забони ӯзбекӣ, 19 ҳазор – бо забони қирғизӣ ба чоп расидаанд. «Барои танҳо интихобкунандагони вилояти Суғд 5 ҳазору 100 адад варақаҳо бо забони русӣ нашр шуданд», – гуфт ӯ, вале дар бораи шумори дақиқи варақаҳо бо забони русӣ маълумот пешниҳод накард.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.