Ба ҷомеаи шаҳрвандии Кӯҳистони Бадахшон ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд

Ташкилоти ҷамъиятии «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» дар шаҳри Хоруғ барои намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маркази махсуси ёрии ҳуқуқиро ифтитоҳ кардааст. Сохтори нав фаъолияти худро дар назди Маркази ёрии ҳуқуқии шаҳри Хоруғ оғоз бахшидааст. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи «Озодии иттиҳод дар ВМКБ» бо дастгирии Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чӣ тавре […]


Ташкилоти ҷамъиятии «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» дар шаҳри Хоруғ барои намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маркази махсуси ёрии ҳуқуқиро ифтитоҳ кардааст.

Сохтори нав фаъолияти худро дар назди Маркази ёрии ҳуқуқии шаҳри Хоруғ оғоз бахшидааст. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи «Озодии иттиҳод дар ВМКБ» бо дастгирии Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Манучеҳр Холиқназаров, сарвари «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» иброз дошт, ин лоиҳа ба пешбарии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, ворид кардани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқӣ, инчунин рушди мардумсолорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат мекунад.

«Мақсади лоиҳа таъмини дастрасии аҳолӣ ва намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба озодии иттиҳод ва адолати додгоҳӣ, инчунин мусоидат ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ мебошад. Лоиҳа сатҳи ҳимояи ҳуқуқии созмонҳои ҷамъиятии маҳаллиро баланд мебардорад», – афзуд Манучеҳр Холиқназаров.

Ҳамзамон бо пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқшиносони баландихтисос, дар доираи лоиҳа боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ тавассути гузаронидани силсилаи давраҳои омӯзишии мавзӯӣ дар назар аст.

Маркази махсуси ёрии ҳуқуқӣ барои намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таҷҳизоти муосири коргоҳӣ ва ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шудааст. Барои мусоидат ба фаъолияти муассири он барномаи иттилотию ҳуқуқии «Адлия» насб гардида, дастрасӣ ба Интернет фароҳам шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.