Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Вохӯриҳои номзадҳо ба мақоми президентӣ бо интихобкунандагон дар Тоҷикистон ба итмом мерасанд. Ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон 6 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд; – Дар вилояти Маскав ҷаласаи 44-уми Шӯрои электроэнергетикии ИДМ доир мегардад, ки дар он масъалаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахши электроэнергетикаи ИДМ баррасӣ мешавад. Қурби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ […]



Анонс

– Вохӯриҳои номзадҳо ба мақоми президентӣ бо интихобкунандагон дар Тоҷикистон ба итмом мерасанд. Ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон 6 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд;

– Дар вилояти Маскав ҷаласаи 44-уми Шӯрои электроэнергетикии ИДМ доир мегардад, ки дар он масъалаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахши электроэнергетикаи ИДМ баррасӣ мешавад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7723

сомонӣ;


1

евро

– 6.6104

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1505

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1929

– Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.


1960

– Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.


1939-1993

– Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.


1948

– Мавлуди журналист Сироншои Диловар.


1950

– Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.


1951

– Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 1500 метр барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 1500 метр барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -1+4.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +9+11.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.