Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо намояндагони Ширкати INTRASOFT International S.A. ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ дар хусуси дар ҷумҳурӣ паҳн намудани таъминоти барномавии системаи нав ва омӯзиши муассисаҳои иштироккунанда, муаррифиномае (презентасия) гузаронданд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи июни 2012 таъкид карда ба иштироккунандагон амалиётҳои дар моҳҳои оянда ба нақша гирифташударо муаррифӣ намуданд. Чунин лоиҳаи муҳим оид ба кӯмак ба тиҷорат ҳамоҳангсозии байнимуассисавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафти интернетиро дар назар дошта, бо соддагардонии тиҷорати байналхалқӣ ба операторони тиҷорати ҳориҷӣ фоидаи калон меоварад, самаранокӣ ва шафофияти фаъолияти Ҳукумат ва ҳамчунин боигарии миллии онро зиед мекунад. Пас аз муаррифӣ баҳсу мунозира байни иштирокунандагон сурат гирифт.
Дар моҳи июни соли 2012 Иттиҳоди Аврупо ва ширкати Intrasoft International S.A. шартномаи татбиқ намудани лоиҳаи «Дастгирии таъсиси Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Intrasoft International S.A. системаи Равзанаи ягонаро сохта, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» – назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар панҷ марказҳои вилоятӣ ва ёздаҳ (11) муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои воридшуда ба кор медарорад.
Intrasoft International S.A. аллакай Марҳилаи лоиҳакашӣ ва Марҳилаи тайёр карданро, ки дар ин марҳила барномаи таъминотии система тайёр карда ва санҷида шуда буд, ба анҷом расонид. Айни ҳол лоиҳа дар зинаи охирини Марҳилаи татбиқ қарор дорад. Дар ин марҳила таъминоти барномавӣ барои санҷиши пилотӣ дар ду муассисаи давлатӣ (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар се (3) марказҳои ноҳиявӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Қурғон-теппа, ба кор дароварда шудааст. Омӯзишҳои қаблии марҳилаи пилотӣ ба анҷом расиданд ва дар пеш моро татбиқи пурраи таъминоти барномавӣ ва омӯзишҳо дар саросари ҷумҳурӣ, ки миёни моҳи ноябр шурӯъ мегарданд, интизоранд,. Таҷҳизоти воридшуда айни замон ба тамоми ҷойҳое, ки лоиҳа ба ҳадаф гирифтааст, бурда ҷо бо ҷо шуда истодааст. Дар ВХБК ва Душанбе таҷҳизот аллакай ба муассисаҳои Равзанаи ягона расонида шуда, дар вилоятҳои Хатлон ва Сугд дар ҷараёни бурдарасонӣ аст.
Intrasoft International S.A. мутасаддии гузаронидани омӯзиш дар панҷ (5) марказҳои ноҳиявӣ дар Тоҷикистон барои кормандони ташкилотҳои давлатии воридшуда ва дигар ташкилотҳо (41 идора), брокерҳои гумрукӣ, кормандони хадамоти гумрук ва соҳибкорони хусусие, ки бо тиҷорати хориҷӣ сару кор доранд, хоҳад буд.



