Гул Шералӣ хостори шарҳи масъалаи боҷҳо ба сӯзишворӣ шуд


Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ба унвони ҳамтои русиягии худ Александр Новак мактуб ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мактуб Гул Шералӣ аз вазири энергетикаи Русия дархост мекунад, ки масъалаи то ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтани созишнома дар бораи содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистонро шарҳ бидиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар моддаи 11-и созишномаи санаи 6-уми феврали соли 2013 баимзорасида зикр мегардад, ки муқаррароти ин санад метавонад муваққатан аз замони нашри расмии он мутобиқи қонунҳои Русия истифода шавад, яъне ин қисмати созишнома бояд то тасдиқи созишнома аз ҷониби Русия мавриди амал қарор гирад.

«Сарфи назар аз ин тавофуқ, созишнома мавриди амал қарор надорад ва Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия бо назардошти пардохти боҷи содиротӣ идома медиҳад. Ояндаи наздик мо посухи расмии Вазорати энергтикаи Русияро интизорӣ дошта, умедворем, ки ин қисмати созишнома то тасдиқи созишнома аз ҷониби Русия мавриди амал қарор дода мешавад», – гуфтанд дар ҳукумат.

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаро моҳи май тасдиқ намуд, вале аз ҷониби ҳукумати Русия ин санад ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст.

Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли гузашта бештар аст.

Қаблан мушовири шуъбаи робита бо ҷомеаи Вазорати энергетикаи Русия Александр Кременеский ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки созишнномаи мазкур мавриди баррасӣ дар ҳукуматиРусия қарор дошта, сипас онро президент ва Маҷлиси Федералӣ баррасӣ мекунанд. «Аз муҳлатҳои мушаххаси анҷоми он огаҳӣ надорам», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани пардохти боҷӣ содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон, таъсири он ба нишондиҳандаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зоҳир гардид. Масалан, ҳиссаи Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз 92%-и соли 2010 имрӯз то ба 38% поин рафт.

Моҳҳои ахир дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Қирғизистон пешсаф шуд, ки ҳиссаи он дар бозор 43,2%-ро ташкил медиҳад. Қирғизистон низ ба Тоҷикистон сӯзишвории Русияро интиқол медиҳад. Ин ба он вобаста аст, ки Қирғизистон аз Русия маҳслуоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ дастрас намуда, сипас онро бо нархи нисбатан арзон ба кишварҳои сеюм интиқол медиҳад.

Тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 248 ҳазору 441 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нархи миёнаи сӯзишвории воридшуда барои 1 тонна  1 ҳазору 51 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Русия бо нархи 1 ҳазору 230 доллари ИМА барои 1 тонна 94, 1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридот аз Қирғизистон дар ин давра 107 ҳазору 389 тонна (бо нархи 899 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли гузашта 85,4 тонна зиёдтар аст.

Ғайр аз ин, дар ин давра ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 18,2 ҳазор тонна (нархи миёна 1 ҳазору 345 $ барои 1 тонна) аз Туркманистон ва дар ҳаҷми 16,2 ҳазор тонна (нархи миёна 847 $ барои 1 тонна) аз Қазоқистон низ сӯзишворӣ ворид карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное