Дар Хонаи кинои пойтахт рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки ҳудуди 20 нафар сарояндагони мардумӣ, иҷрокунандагони рақсу мусиқии халқӣ консерти устодони мусиқии манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон доир гардид.
Консерт дар доираи лоиҳаи «Пешбурд ва эмин нигоҳ доштани осори мусиқии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикисон», ки бо маблағгузории Фонди Кристенсен амалӣ мешавад, баргузор шуда, дар он ҳунармандони ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Мӯъминобод, Ишкошим ва Шуғнон ширкат варзиданд.
Ба қавли директори маркази фарҳанги «Аша» Ёдгор Одинамаҳмадов, ҳадафи аслии чорабинии мазкур эҳё ва эмин нигоҳ доштани сурду мусиқӣ ва рақсҳоест, ки айни замон гум шуда истодаанд ва ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад.
Номбурда ҳамчунин гуфт, қабл аз созмон додани чорабинӣ ба ноҳияҳои дар боло зикршуда як сафари шиносоӣ анҷом дода шуда, рақсу сурудҳои халқӣ ва ҳунармандони мардумӣ интихоб шуданд.



