Ҳамаи ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд

Рӯзи 3 ноябр ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 175 нафар зиёраткунандагони охирини мавсими ҳаҷи имсола ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Ҳамин тариқ бозовардани ҳоҷиёни тоҷик, ки аз 19-уми октябр шурӯъ гардида буд, 3 ноябри соли 2013 анҷом ёфт. Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, интиқоли ҳоҷиён аз шаҳрҳои Мадинаи мунаввара ва Ҷидда […]

ASIA-Plus


Рӯзи 3 ноябр ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 175 нафар зиёраткунандагони охирини мавсими ҳаҷи имсола ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Ҳамин тариқ бозовардани ҳоҷиёни тоҷик, ки аз 19-уми октябр шурӯъ гардида буд, 3 ноябри соли 2013 анҷом ёфт.

Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, интиқоли ҳоҷиён аз шаҳрҳои Мадинаи мунаввара ва Ҷидда ба Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ гардид.

Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи Душанбе барои гусел ва қабули зиёратунандагон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин давра ба 24 парвоз, 4691 мусофир ва 149 347 кг бағоч хизматрасонӣ кард.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карда, ду нафар тоҷикистониён дар макони муқаддаси ислом аз олам даргузаштанд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.