ШМҶМ Суғд: Мо ба Умедҷон Тоҷиев ҳеҷ муносибате надорем

Дар робита ба ҳодисаи аз тирезаи шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исфара худро ба замин афкандани узви раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара Умедҷон Тоҷиев подполковники ин шуъба дар вилояти Суғд Илҳом Солиев изҳор намуд, ки гуфтаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова дар ин хусус ғайривоқеианд ва ин шуъба ба У.Тоҷиев ҳеҷ муносибате […]

ASIA-Plus


Дар робита ба ҳодисаи аз тирезаи шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исфара худро ба замин афкандани узви раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара Умедҷон Тоҷиев подполковники ин шуъба дар вилояти Суғд Илҳом Солиев изҳор намуд, ки гуфтаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова дар ин хусус ғайривоқеианд ва ин шуъба ба У.Тоҷиев ҳеҷ муносибате надорад.

«Дарвоқеъ ҳам ин шуъба дар ошёнаи сеюми бинои ШВКД ҶТ дар ноҳияи Исафра қарор дорад, аммо Тоҷиев аз тирезаи мо худро ба берун напартофтааст ва мо ҳатто огаҳӣ ҳам надорем, ки ӯ аз кадом ошёна худро афкандааст», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, майори милисаи ШВКД ҶТ дар шаҳри Исфара Исҳоқ Шаҳобов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи 2-юми ноябр Тоҷиев аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, воқеъ дар паҳлӯи дигари бино бозпурсӣ шуда, дар баёноташ ба узвияти худ дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон иқрор шудааст. «Қаблан дар баёноти хаттӣ ҳаммаслаконаш Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев низ инро тасдиқ карда, ӯ илоҷи дигаре надошт ва аз ин рӯ, аз тирезаи ошёнаи сеюм худро ба берун партофт. Ӯ фирор карданӣ буд, вале аз пояш ҷароҳат бардошта, дигар ҳаракат барояш ғайриимкон шуд», – гуфт номбурда.

Бино ба иттилои

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ

, Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд», дастрас ва бо қарори Суди шаҳри Исфара, ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.