Сохторҳои қудратӣ ба реҷаи махсуси хизмат гузаштанд

Дар робита ба маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи президентӣ тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба реҷаи махсуси адои хизмат гузаронида шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, макони гирдиҳамоии оммавии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳти назорат гирифта мешавад. […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи президентӣ тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба реҷаи махсуси адои хизмат гузаронида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, макони гирдиҳамоии оммавии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳти назорат гирифта мешавад.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аллакай аз пагоҳ тамоми ҳайати шахсии кормандони милисаи ҷумҳурӣ ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаронида мешаванд.

Ба қавли номбурда, тамоми беш аз 3 ҳазор қитъаҳои овоздиҳӣ дар саросари кишвар таҳти ҳифозати кормандони милиса қарор дода шуда, реҷаи шабонарӯзии адои хизмат пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот бекор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.