Тасҳеҳ ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи парлумон оид ба […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Амирқул Азимов зикр кард, ки тағйироти пешниҳодшуда ба қонуни мазкур пеш аз ҳама ба бартараф кардани нуқсону мухолифатҳо дар он ва мутобиқ гардонидани он ба меъёрҳои дигар қонунҳои кишвар равона гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташакил», масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолгарон», «Дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон» ва Кодекси ҷиноии ҶТ низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми ин масоили баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 7-уми ноябр доир мегардад, ворид карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.