Натиҷаҳои нахусти интихобот субҳи 7-уми июн эълон мешаванд

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентии санаи 6-уми июнро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки натиҷаҳои аввали интихоботро дар брифинг барои намояндагони ВАО раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён эълон намуда, сипас худи […]

Аваз Юлдошев


Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентии санаи 6-уми июнро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки натиҷаҳои аввали интихоботро дар брифинг барои намояндагони ВАО раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён эълон намуда, сипас худи ҳамон рӯз соати 14:00-и вақти маҳаллӣ дар КМИР брифинги дигар низ доир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ бояд на дертар аз 10 рӯз пас аз баргузории онҳо эълон гарданд. «Ман умедворам, ки натиҷаҳои расмии интихоботи президенти Тоҷикистон хеле зудтар аз муҳлати тибқи қонун муқарраршуда эълон хоҳанд шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.