Шоҳиёну Лебедев масоили омодагӣ ва баргузории интихоботро баррасӣ карданд

Раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба омодагӣ ва баргузории интихобот мавриди баррасӣ қарор гирифта, Лебедев таъкид доштааст, ки фаъолияти гуруҳи нозирони ИДМ оид ба мониторинги интихоботи […]

Аваз Юлдошев


Раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба омодагӣ ва баргузории интихобот мавриди баррасӣ қарор гирифта, Лебедев таъкид доштааст, ки фаъолияти гуруҳи нозирони ИДМ оид ба мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории ҶТ амалӣ гардида, ба усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ дар бахши ташкил ва баргузории интихобот, дахолат накардан ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ ва сиёсати дохилии давлат асос ёфтааст.

«Шермуҳаммади Шоҳиён итминон дод, ки КМИР баҳри кумаки зарурӣ ба гурӯҳи нозирони ИДМ дар доираи қонунгузории миллӣ омода аст», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи нозирони ИДМ ва ситоди он дар Душанбе аз 11-уми октябри соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ҳайати гурӯҳ 194 нафар нозирон сабти ном шудаанд, ки15 нафарашон ба сифати нозирони дарозмуҳлат фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.