Тамдиди ваколати Гул Шералӣ дар мақоми ноиби президенти Шӯрои электроэнергетикии ИДМ

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав ҷаласаи 44-уми Шӯрои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар ҷаласаи мазкур маҷмуи масъалаҳои гуногун вобаста ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетика аз қабили рафти омодагии системаҳои энергетикии ИДМ дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2013 – 2014, баррасии рӯйхат ва принсипҳои […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав ҷаласаи 44-уми Шӯрои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар ҷаласаи мазкур маҷмуи масъалаҳои гуногун вобаста ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетика аз қабили рафти омодагии системаҳои энергетикии ИДМ дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2013 – 2014, баррасии рӯйхат ва принсипҳои таъсиси хизматрасонии системавӣ ва фаръӣ дар доираи минтақаҳои Созмони ҳамкории иқтисодии Авруосиё, таъмини метрологии соҳаи электроэнергетикии ИДМ, коркарди системаи ягона дар ҳолатҳои садама ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, баррасии лоиҳаи Оинномаи ташкилотҳои заминавӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи электроэнергетикаи кишварҳои ИДМ, баррасии лоиҳаи Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти Тафоҳум миёни Шӯрои электроэнергетикии ИДМ ва Бонки Рушди Аврупо баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур масъалаи интихоби ноиби президенти Шӯрои электроэнергетикии ИДМ баррасӣ гардида, ваколати вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ барои давраи навбатӣ ба ин мақом тамдид карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.