Аз рӯзи интихобот бозори «Корвон» се рӯз баста мешавад

Шурӯъ аз рӯзи интихобот бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» ба муддати се рӯз баста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони ин бозор хабар доданд, маъмурияти бозор онҳоро огоҳ кардааст, ки рӯзҳои 6, 7 ва 8-уми ноябр фаъолияти бозор қатъ карда мешавад. «Ба муроҷиатҳои сершумори мо дар бораи зиёни зиёди ин тасмим дар мавсими фурӯши сарлубосу […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз рӯзи интихобот бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» ба муддати се рӯз баста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони ин бозор хабар доданд, маъмурияти бозор онҳоро огоҳ кардааст, ки рӯзҳои 6, 7 ва 8-уми ноябр фаъолияти бозор қатъ карда мешавад.

«Ба муроҷиатҳои сершумори мо дар бораи зиёни зиёди ин тасмим дар мавсими фурӯши сарлубосу пойафзол, маъмурияти бозори «Корвон» изҳор намуданд, ки ин қарор дар сатҳи мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шудааст», – гуфтанд тоҷирон.

Ба гуфтаи онҳо, дар таҷлили Иди Қурбон (15-уми октябр) низ бозори «Корвон» муддати се рӯз аз фаъолият бозмонда буд.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов дар ин робита хабар дод, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбати тағйири реҷаи кори бозорҳои пойтахт ҳеҷ гуна супориш ё қароре содир накардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.