Узви раёсати бахши ҲНИТ дар Исфара гӯё худро аз ошёнаи 3-юми бинои шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба замин партофтааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд», дастрас ва бо қарори Суди шаҳри Исфара, ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин гардид.
Дар таърихи 2-юми ноябри соли 2013 нисбати Тоҷиев У. И., дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи Прокуратураи шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) оғоз карда шуд.
Баъди анҷоми пурсиш Тоҷиев У. И., бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардоша, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда мешавад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати кормандони масъули Шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара, аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р. Ҳ., санҷиши хизматӣ таъин карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки ҳодисае, ки ба Умедҷон Тоҷиев, сокини ноҳияи Исфара рух дод, ангезаи сиёсӣ дорад.
Тавре сомонаи расмии ҲНИТ иттилоъ медиҳад, оқои Сайфуллозода гуфтааст, «бо назардошти ин ки ин ҳодиса дар остонаи баргузории интихоботи президентӣ, ки ҲНИТ аз ширкат дар он худдорӣ кардааст, рух додааст, метавон гуфт, ки ин ҳодиса маънои сиёсӣ дорад».
Бо нақл аз Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи У. Тоҷиев, сомонаи ҳизб хабар медиҳад, ки ҳарчанд ӯ вакили дифоъи Тоҷиев аст, аммо маъмурони пулис ҷузъиёти боздошт ва ҳодисаи ба вуқуъ пайвастаро нисбати Тоҷиев то ба ҳол нагуфтаанд.
Хонум Воҳидова афзудааст, ки то ҳанӯз ҳеҷ кас намедонад, ки Умедҷон зинда аст ё мурда, зеро бемористоне, ки ӯро ба он интиқол додаанд, аз тарафи маъмурони пулис муҳосира шуда, касе ҳаққи ворид шудан ба онро надорад, ҳатто модари ӯ.



