Ташрифи раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Душанбе барои мониторинги интихобот

Шоми дирӯз раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки роҳбари гурӯҳи нозирон аз Иттиҳод дар интихоботи президенти Тоҷикистон мебошад, ба Душанбе ташриф овард. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нимаи имрӯз вохӯрии Лебедев бо раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён ва нимаи дуюми […]

Аваз Юлдошев


Шоми дирӯз раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки роҳбари гурӯҳи нозирон аз Иттиҳод дар интихоботи президенти Тоҷикистон мебошад, ба Душанбе ташриф овард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нимаи имрӯз вохӯрии Лебедев бо раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён ва нимаи дуюми рӯз мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни ташкили гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи президенти Тоҷикистон имрӯз пурра ба анҷом расид. Барои мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон аз САҲА, ИДМ, СҲШ ва кишварҳои хориҷи дуру наздик 501 нафар нозирон ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Ғайр аз ин, КМИР беш аз 80 намояндагони васоити ахбори умуми хориҷиро низ ба қайд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.