Раиси пойтахт бори дигар омодагӣ ба мавсими сарморо санҷид

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи якшанбе ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонро доир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, М.Убайдуллоев раҳбарияти корхонаҳои масъули қубурҳои гармидиҳиро муваззаф сохт, ки то 20-уми ноябр камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд. «Раиси пойтахт ба муовинони соҳавии худ супориш дод, […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи якшанбе ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонро доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, М.Убайдуллоев раҳбарияти корхонаҳои масъули қубурҳои гармидиҳиро муваззаф сохт, ки то 20-уми ноябр камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

«Раиси пойтахт ба муовинони соҳавии худ супориш дод, ки масъалаи харид, расонидан ва дар манзилҳои сокинони пойтахт насб кардани ҳисобкунакҳои гармиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд», – иброз дошт Саидов.

Ба қавли ӯ, ба Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт супориш дода шуд, ки ба корҳои лоиҳакашии маҳаллаҳои аҳолинишини «Ховарон», ки ба 904 оила аз ин мавзеъ қитъаи замин дода мешавад, суръат бахшанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.