Дар анҷоми мусобиқот «Равшан» ва «Истиқлол» имтиёз аз даст медиҳанд

Ахири ҳафтаи сипаришуда чор бозии даври 19-уми мусобиқоти футболи Лигаи олии мамлакат доир гардиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии марказии давр футболбозони дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд. Пешсафи дигари мусобиқот – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозиаш дар меҳмонӣ бо тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)-ро […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда чор бозии даври 19-уми мусобиқоти футболи Лигаи олии мамлакат доир гардиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии марказии давр футболбозони дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд. Пешсафи дигари мусобиқот – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозиаш дар меҳмонӣ бо тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)-ро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дод.

Дар вохӯриҳои дигари давр дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бар дастаи «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва тими КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Истаравшан» (Истаравшан) бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 дастболо шуданд.

Айни замон нишонзанҳои беҳтарини чемпионат Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб,  Александр Кудряшов (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.