Рӯзи интихоботро Кабирӣ дар Туркия бо фарзандонаш мегузаронад

Зимни сафар ба Давлати Қатар раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо роҳбари Иттиҳоди мусалмонони ҷаҳон, яке аз олимони маъруфи ҷаҳони ислом Юсуф Карзовӣ мулоқот кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар мулоқот атрофи масоили марбут ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин […]

Аваз Юлдошев


Зимни сафар ба Давлати Қатар раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо роҳбари Иттиҳоди мусалмонони ҷаҳон, яке аз олимони маъруфи ҷаҳони ислом Юсуф Карзовӣ мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар мулоқот атрофи масоили марбут ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин интихоботи президентии ба рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон таъиншуда табодули назар сурат гирифт.

«Юсуф Карзовӣ аввалин фақеҳи исломист, ки тибқи фатвои ӯ, ба занони мусулмон барои интихоб шудан ба мансаби президент ва вакилони парлумон ҳуқуқ дода шуд», – гуфт муовини раиси ҲНИТ.

Ба қавли ӯ, ҳадафи аслӣ аз сафари Кабирӣ ба Қатар иштирок дар кори Конгресии 19-уми умумиҷаҳонии федератсияи ганбол аст, зеро раиси ҲНИТ раиси Федератсияи гандболи Тоҷикистон мебошад.

«Дар анҷоми сафар Муҳиддин Кабирӣ ба назди ду нафар фарзандаш ба Туркия меравад, ки он ҷо таҳсил доранд ва дар рӯзи интихобот, 6-уми ноябр ӯ дар ҷумҳурӣ ҳузур нахоҳад дошт», – афзуд М.Ҳайит.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.