Роҳбари гурӯҳи нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи президентии Тоҷикистон Сергей Лебедев «ба таври кофӣ фаъол будани интихобкунандагон» дар интихоботи президенти Тоҷикистонро зикр кард.
«Албатта, мо мушоҳида кардем, ки мардуми Тоҷикистон ба суботу оромӣ дар кишвар манфиатдор аст. Ҳар куҷое, ки мо бо интихобкунандагону намояндагони ситодҳои номзадҳо мулоқот оростем, изҳор карданд, ки ҷонибдори суботу амниятанд, зеро ин хостаи мардум аст», – гуфт ӯ имрӯз ба журналистон дар қитъаи интихоботии №5, воқеъ дар мактаби таҳсилоти умумии №1-и пойтахт.
Ба гуфтаи ӯ, пешбарии 6 номззад ба мақоми президентӣ гувоҳи он аст, ки интихобот алтернативӣ аст. «Мардум ҳуқуқ доранд, ки ба номзади бештар ба онҳо писандида овоз диҳанд», – иброз дошт С.Лебедев.
Номбурда ҳамчунин тағйироти мусбат дар қонунгузории интихоботи натанҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои ИДМ-ро, ки айни замон ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демократӣ наздиканд, таъкид намуд.
«Аз ҷониби дигар, қонунҳо менталитет ва анъанаҳои миллии хос ба ин кишварҳоро ба инобат меиранд. Гурӯҳи нозирони ИДМ мутобиқи қонунгузории кишварҳо амал мекунад. Имрӯз интихобот дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории интихоботии ин кишвар ҷараён дорад», – баён дошт ӯ.
Роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ шумораи бештари овоздиҳандагон дар шаҳри Душанберо қайд кард, ки «дарҳол ба чашм мерасад» ва онро бо инихоботҳои президентӣ дар Озарбойҷону Арманистон шабоҳат дод.
«Ба андешаи ман, обуҳавои мусоид ҳам ба хуб баргузор шудани ин маърака мусоидат менамояд. Аз боздиди қитъаҳо чунин таассурот бардоштем, ки онҳо хуб омодаанд, таблиғотӣ аёнӣ мавҷуд буда, аъзои комиссияҳои интихоботӣ хеле самимианд», – мегӯяд ӯ.
Лебедев иттилоъ дод, ки қариб дар ҳамаи қитъаҳои овоздиҳӣ қуттиҳои овоздиҳӣ барои раъй додан дар хонаҳо мавҷуд буда, аз шахсону пирони барҷомонда ва маъюбон дархостҳо мавҷуданд, ки онҳо дар нимаи дуюми рӯз қонеъ карда мешаванд.
«Дар маҷмӯъ, таассуроти нозирони мо мусбат аст. Агар овоздиҳӣ ҳамин тавр сурат гирад, мо албатта, чунин эҳсос карда истодаем, ки интихобот хуб хоҳад гузашт ва бигзор ҳамин тавр ҳам анҷом ёбад», – афзуд роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи нозирони ИДМ ва ситоди он дар Душанбе аз 11-уми октябри соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ҳайати гурӯҳ 194 нафар нозирон сабти ном шудаанд, ки15 нафарашон ба сифати нозирони дарозмуҳлат фаъолият доранд.



