Раиси КМИР интихоботро барпошуда эълон кард

То соати 14:00-и имрӯз 2 млн. 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ба журналистон изҳор намуд, ки ин ҳудуди 68%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад, яъне «интихоботро метавон барпошуда шуморид». «Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, агар беш аз 50%-и интихобкунандагони кишвар […]

ASIA-Plus


То соати 14:00-и имрӯз 2 млн. 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ба журналистон изҳор намуд, ки ин ҳудуди 68%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад, яъне «интихоботро метавон барпошуда шуморид».

«Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, агар беш аз 50%-и интихобкунандагони кишвар дар маъракаи интихоботӣ ширкат варзанд, пас интихобот барпошуда шуморида мешавад», – гуфт раиси КМИР ҶТ.

Ба гуфтаи ӯ, то соати 8 танҳо як нафар ба ӯ шикоят кардааст, ки ному насаби ӯ дар рӯйхати интихобкунандагон нодуруст навишта шудааст.

Дар саросари кишвар 69 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи имрӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони тоҷик метавонанд то соати 20:00 раъй диҳанд.

Ба мансаби олии давлатӣ 6 номзад доваталбӣ мекунанд. Сарвари давлат ба муҳлати 7 соли минбаъда интихоб мешавад.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.