Пешвои демократҳо ба ҷонибдории хеш овоз дод (видео)

Номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Исмонов имрӯз соати 09:55 дақиқа ҳамроҳ бо аҳли оилаааш ҷиҳати овоздиҳӣ ба қитъаи интихоботии №2, воқеъ дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе омад. Исмонов интихоботро демократӣ ва озод номид. «То ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз мушоҳидачиёни ман дар бораи қонуншиканиҳо хабар надодаанд», – иброз дошт ӯ. Пешвои демократҳо […]

ASIA-Plus


Номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Исмонов имрӯз соати 09:55 дақиқа ҳамроҳ бо аҳли оилаааш ҷиҳати овоздиҳӣ ба қитъаи интихоботии №2, воқеъ дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе омад.

Исмонов интихоботро демократӣ ва озод номид. «То ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз мушоҳидачиёни ман дар бораи қонуншиканиҳо хабар надодаанд», – иброз дошт ӯ.

Пешвои демократҳо зикр кард, ки ба ғалабаи худ бовар дорад. «Ман номзадии худро пешбарӣ намуда, ба пирӯзӣ мутмаинам. Табиист, ки ман ба ҷонибдории хеш овоз додам», – баён дошт номбурда.

Ба С.Исмонов хотиррасон шуд, ки писараш нияти овоздиҳӣ ба президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро изҳор намуда буд. Посухи ӯ чунин садо дод: «Ман намедонам, ки дар ниҳояти кор писарам ба ҷонибдории кадом номзад раъй дод. Бар ҳар ҳол, ин интихоби шахсии ҳар як инсон аст».

https://www.youtube.com/watch?v=IJcQn4Ew_ek

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.