Коммунист Исмоил Талбаков ба пирӯзии худ мутмаин аст (видео)

Номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба пирӯзии худ дар интихоботи имрӯзаи президентӣ мутмаин аст. «Пинҳон намекунам, ки имрӯз ба ҷонибдории хеш раъй додам», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пас аз овоздиҳӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №1-и пойтахт Исмоил Талбаков. Ӯ чунин мешуморад, ки барои сулҳу субот, дӯстиву ваҳдат ва шукуфоии кишвар […]

ASIA-Plus


Номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба пирӯзии худ дар интихоботи имрӯзаи президентӣ мутмаин аст.

«Пинҳон намекунам, ки имрӯз ба ҷонибдории хеш раъй додам», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пас аз овоздиҳӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №1-и пойтахт Исмоил Талбаков. Ӯ чунин мешуморад, ки барои сулҳу субот, дӯстиву ваҳдат ва шукуфоии кишвар овоз додааст.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ба пирӯзии худ дар интихобот мутмаин аст, зеро платформаи пешазинтихоботии ӯ ба манфиати мардум нигаронида шуда, халқи заҳматкаш ба ӯ овоз хоҳанд дод.

«Онҳо ба хубӣ огаҳанд, ки танҳо амалисозии барномаи ман мушкилоти онҳоро ҳал месозад ва бовар дорам, ки ба ман овоз медиҳанд. Агар нахоҳанд ҳам, ин ҳуқуқи онҳост, бигзор чӣ гунае, ки мехоҳанд, зиндагӣ кунанд», – гуфт Талбаков.

https://www.youtube.com/watch?v=bDBbz2MmQA8

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.