Дар ҳавзаҳои интихоботии пойтахт камбудиҳои ба назар мерасанд (видео)

Нозирон тақрибан як соат аз рафти интихобот дар қитъаи раъйдиҳии №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ назорат набурданд. Тавре раиси қитъаи мазкур Рафиқа Мусоева ба Хабаргузории «Азия-Плюс» шарҳ дод, нозирон ҳама ба хӯроки нисфирӯзӣ рафтаанд. Айнан ҳамин ҳол дар қитъаҳои иинтихоботии №25 ва 27-и ноҳияи Фирдавсӣ ба назар мерасид. Соати 10:00 курсиҳои нозирони дохилӣ ва хориҷӣ дар […]

Ахлиддин Салимов, Мавзуна Абдуллоева



Нозирон тақрибан як соат аз рафти интихобот дар қитъаи раъйдиҳии №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ назорат набурданд. Тавре раиси қитъаи мазкур Рафиқа Мусоева ба Хабаргузории «Азия-Плюс» шарҳ дод, нозирон ҳама ба хӯроки нисфирӯзӣ рафтаанд.

Айнан ҳамин ҳол дар қитъаҳои иинтихоботии №25 ва 27-и ноҳияи Фирдавсӣ ба назар мерасид. Соати 10:00 курсиҳои нозирони дохилӣ ва хориҷӣ дар ин ду қитъа холӣ буданд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд дар қонунгузорӣ дақиқан зикре нарафтааст, ки нозирон қитъаи интихоботиро якҷоя дар рафти интихобот метавонанд тарк кунанд ё не, аммо дар ҳар сурат ин ҳолат аз бесмаъулиятии онҳо далолат медихад, чунки дар як ё ду соати набудани онҳо шаҳрвандон метавонанд ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд ва ин ҳолат аз чашми нозирон дур мемонад.

Вокеан, тавре хабарнигорони «Азия-Плюс» мушоҳида карданд, дар қитъаи интихоботии №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як кабинаи интихоботӣ дар як замон дунафарӣ овоз доданд.

Аммо раиси ин қитъа мегӯяд, агар шахрванд тарзи дурусти пур кардани варақаи овозжиҳиро надонад, ӯро дар рафти раъй нафари огаҳ метавонад ҳамраҳӣ кунад.

Дар навори видеоие, ки дар қитъаи интихобтии №68-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бардошта шудааст, баръало маълум аст, ки 2 мард бо истифода аз чанд варақаи раъйдиҳӣ ба ҷонибдории номзади мавриди писанд овоз дод.

Аммо бо ин ҳама, ба гуфтаи нозирон аз ИДМ Олга Гаврук ва сафири Арманистон дар Тоҷикистон Владимир Бадалян, ҷараёни интихобот бе камбудӣ мегузарад. 

https://www.youtube.com/watch?v=a7y8wOj0APc

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.