Қитъаҳои интихоботиро кормандони милиса посбонӣ мекунанд

Қариб тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар рӯзи интихоботи президенти мамлакат дар реҷаи махсуси адои хизмат фаъолият доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, макони гирдиҳамоии оммавии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳти назорат гирифта шудаанд. Тамоми беш […]

ASIA-Plus


Қариб тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар рӯзи интихоботи президенти мамлакат дар реҷаи махсуси адои хизмат фаъолият доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, макони гирдиҳамоии оммавии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милиса ва дигар сохторҳои қудратӣ таҳти назорат гирифта шудаанд. Тамоми беш аз 3 ҳазор қитъаҳои овоздиҳӣ дар саросари кишвар таҳти ҳифозати кормандони милиса қарор доранд.

Аз 1-уми ноябр тамоми ҳайати шахсии кормандони милисаи ҷумҳурӣ ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаронида шуда, реҷаи шабонарӯзии адои хизмат пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот бекор карда мешавад.

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентиро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.