Пурсиши видеоӣ: Магар Э.Раҳмон номзади ягона аст?

Имрӯз дар кишвар маъракаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ оғоз  ефта, то ҳол идома дорад. Аз пурсиши видеоие, ки хабаргузории «Азия-Плюс» доир кард, маълум мешавад, ки аксари овоздиҳандагон танҳо дар бораи номзади ягонаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, раисҷумҳури феълии кишвар Эмомал ӣ  Ра ҳ мон маълумот доранд. Сурайё Шарипова,  ки дар қитъаи раъйдиҳии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии […]



Имрӯз дар кишвар маъракаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ оғоз  ефта, то ҳол идома дорад. Аз пурсиши видеоие, ки хабаргузории «Азия-Плюс» доир кард, маълум мешавад, ки аксари овоздиҳандагон танҳо дар бораи номзади ягонаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, раисҷумҳури феълии кишвар Эмомал



ӣ


 Ра


ҳ


мон маълумот доранд.

Сурайё Шарипова,  ки дар қитъаи раъйдиҳии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт овоз медод, гуфт: «Ман ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз додам, чунки ӯ кишварро ба сулҳ овард. Номзадҳои дигарро намешиносам».

Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, ки бо аҳли оилааш ба овоздиҳӣ омада буд, гуфт, райъи худро ба Эмомалӣ Раҳмон дод, чунки ӯ кишварро озод ва обод намудааст. «Боварӣ дорам, ки  Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли ояндае, ки президент интихоб мешавад , боз ҳам  кишварро ободтар мекунад».

Шоир Абдулҳамид Самадов, ки раисии қитъаи мазкурро ба ӯҳда дорад,  мегӯяд, ки интихобот шаффоф мегузарад. «Дар қитъаи мо 1 ҳазору 960 шаҳрванд ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо фаъолона омада, райъи худро дода истоданд».

Дар ин интихоботи президенти Тоҷикистон имсол шаш  номзад –  Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти  ном шудаанд. 

https://www.youtube.com/watch?v=1Ikjw0Jx1Jk

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.