Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Cоати 10:00 КМИР ҶТ натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон мекунад; – Дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав дидору гуфтушуниди дабири кулли СААД Николай Бордюжа бо котиби генералии САҲА Ламберто Занйер баргузор мешавад .  Қурби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин […]



Анонс

– Cоати 10:00 КМИР ҶТ натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон мекунад;

– Дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав дидору гуфтушуниди дабири кулли СААД Николай Бордюжа бо котиби генералии САҲА Ламберто Занйер баргузор мешавад




Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7718

сомонӣ;


1

евро

– 6.5556

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1504

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих

Рӯзи театри тоҷик


1929

– Ифтитоҳи нахустин театри касбии тоҷик – феълан Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.


1929

– Комбинати полиграфии Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.


1937

– Ифтитоҳи Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Тоҷикистон.


1959

– Студияи телевизиони Душанбе ба фаъолият оғоз кард.


2001

– Дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Фаронса дар ҶТ баргузор шуд.


1414-1492

– Зодрӯзи шоир ва олим Абдураҳмони Ҷомӣ.


1917-1997

– Мавлуди олими фолклошинос, шоир, профессор Воҳид Асрорӣ.


1917-1995

– Зодрӯзи рӯзноманигор Назаршо Исломов.


1930

– Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Муслима Боқиева.


1933

– Зодрӯзи ҷуғрофишинос Ҷунайдулло Исматов.


1934

– Мавлуди олими файласуф, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, академик Мӯсо Диноршоев.


1937

– Зодрӯзи актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов.


1940

– Мавлуди шоир ва арбоби давлатӣ Усмон Назир (Оташ).


1950

– Зодрӯзи диктор Абдурашид Хӯҷамқулов.


1951

– Мавлуди нависанда Абдурофеъ Рабиев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландиии беш аз 2200 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан


борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +8+13;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -1+4.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.