Анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон маъракаи интихоботӣ ба итмом расид. Соати 20.00-и рӯзи 6-уми ноябр ба вақти маҳаллӣ ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ баста шуданд. Интихоботӣ прзидентӣ соати 14:000-и дирӯз барпошуда шуморида шуда буданд. То ин замон 2 млн. 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин ҳудуди 68%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил […]


Дар Тоҷикистон маъракаи интихоботӣ ба итмом расид. Соати 20.00-и рӯзи 6-уми ноябр ба вақти маҳаллӣ ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ баста шуданд.

Интихоботӣ прзидентӣ соати 14:000-и дирӯз барпошуда шуморида шуда буданд. То ин замон 2 млн. 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин ҳудуди 68%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. То соати 18:00 бошад, 3 млн. 380 ҳазору 68 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин беш аз 80%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев дар ин робита изҳор намуд, ки натиҷаи ниҳоии иштироки шаҳрвандон ва овоздиҳӣ дар интихобот имрӯз дар брифинг эълон карда мешаванд. Ба иттилои КМИР, интихобот ба таври демократӣ, озодона, шаффоф ва бидуни қонуншиканӣ сурат гирифт.

Дар саросари кишвар 69 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи дирӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳудуди 27 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқии ин давлатҳо 61 қитъаҳои интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 24 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр расидаанд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, варақаҳои овоздиҳӣ барои ҳавзаҳои интихоботӣ бо он забоне чоп шудаанд, ки аксари мардуми ин ё он ҳавзаи интихоботӣ бо он ҳарф мезанад. Ҳамагӣ 4 млн. 34 ҳазор варақаҳои интихоботӣ бо чор забони зикршуда нашр шудааст. Аксари кулли варақаҳо бо забони тоҷикӣ, ҳудуди 500 ҳазор адад бо забони ӯзбекӣ, 19 ҳазор – бо забони қирғизӣ ба чоп расидаанд. Барои танҳо интихобкунандагони вилояти Суғд 5 ҳазору 100 адад варақаҳо бо забони русӣ нашр шуданд.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар мебошанд. Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 370 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.