Дабирони кулли СААД ва САҲА вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав мулоқоти дабири кулли ин созмон Николай Бордюжа бо дабири кулли Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Ламберто Занйер доир мегардад. Бино ба иттилои котиботи СААД, зимни мулоқот баррасии масоили амали мутақобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ, мушкилоти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини субботу амният, ҷилавгирӣ аз сар […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав мулоқоти дабири кулли ин созмон Николай Бордюжа бо дабири кулли Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Ламберто Занйер доир мегардад.

Бино ба иттилои котиботи СААД, зимни мулоқот баррасии масоили амали мутақобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ, мушкилоти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини субботу амният, ҷилавгирӣ аз сар задани низоъҳо ва танзими онҳо дар тамоми минтақаи Авруосиё дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар гуфтушуниди ҷонибҳо ба вазъи кунунӣ ва минбаъдаи Афғонистон дар партави хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Интизорӣ меравад, ки ҳамчунин атрофи масъалаи омодагӣ ба вохӯрии 20-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА (5-6-уми декабр, шаҳри Киев) низ табодули назар сурат хоҳад гирифт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.