Рақибони Раҳмон ҷараёни интихоботи барпошударо шарҳ доданд

Субҳи имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рақибони президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ дар маъракаи интихоботии кунунӣ ҷараёни интихоботи баргузоршударо шарҳ доданд. Номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Бобоев изҳор кард, ки дар маҷмӯъ аз ҷараёни баргузории интихобот қаноатманд буда, «танҳо баъзе камбудиҳои начадон назаррас мавҷуд буданд, ки ба таври воқеӣ наметавонанд ба натиҷаҳои […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рақибони президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ дар маъракаи интихоботии кунунӣ ҷараёни интихоботи баргузоршударо шарҳ доданд.

Номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Бобоев изҳор кард, ки дар маҷмӯъ аз ҷараёни баргузории интихобот қаноатманд буда, «танҳо баъзе камбудиҳои начадон назаррас мавҷуд буданд, ки ба таври воқеӣ наметавонанд ба натиҷаҳои раъйдиҳии мардум таъсир расонанд».

Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, академик Толиббек Бухориев зикр кард, ки интихобот ба таври демократӣ, озодона ва шаффоф баргузор шуд ва ӯ нисбати ташкили маъракаи овозидиҳиву ҷараёни он ҳеҷ эроди ҷиддие надорад.

Исмоил Талбаков, номзади Ҳизби коммунист мегӯяд, ба ситоди пешазинитихоботии ӯ дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Рӯдакӣ доир ба қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот иттилоъ расидааст. «Дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Рӯдакӣ зимни ба қитъаи интихоботӣ ворид шудани шаҳрвандон ҳолатҳои таблиғот ба нафъи як номзади алоҳида ба мушоҳида расидаанд ва ман дархост намудам, ки ин ҳолатҳо ҳуҷҷатгузорӣ шаванд», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки дар маҷмӯъ аз ҷараёни баргузории интихобот қаноатманд мебошад.

Номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки аз иштирокаш дар маъракаи интихоботӣ натиҷаҳои қаноатбахшро интизор аст. Ба андешаи ӯ, интихобот бо иштироки фаъоли аҳолӣ ва дар фазои ором доир гардида, ҳодисаҳои қонуншикании оммавии меъёрҳои қонунгузорӣ ба мушоҳида нарасидаанд. «Дар ситоди ман ҳолатҳои ҷудогонаи овоздиҳии як нафар аз номи ҳамаи аъзои оила ба қайд гирифта шудаанд», – зикр кард раиси ҲДТ.

Номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар ин робита зикр кард, ки андешаи худро дар бораи ҷараёни баргузории интихобот пас аз эълони натиҷаҳои он баён хоҳад дошт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон соати 10-и имрӯз натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар интихоботро эълон карданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.