Рақибони Раҳмон ҷараёни интихоботи барпошударо шарҳ доданд


Субҳи имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рақибони президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ дар маъракаи интихоботии кунунӣ ҷараёни интихоботи баргузоршударо шарҳ доданд.

Номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Бобоев изҳор кард, ки дар маҷмӯъ аз ҷараёни баргузории интихобот қаноатманд буда, «танҳо баъзе камбудиҳои начадон назаррас мавҷуд буданд, ки ба таври воқеӣ наметавонанд ба натиҷаҳои раъйдиҳии мардум таъсир расонанд».

Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, академик Толиббек Бухориев зикр кард, ки интихобот ба таври демократӣ, озодона ва шаффоф баргузор шуд ва ӯ нисбати ташкили маъракаи овозидиҳиву ҷараёни он ҳеҷ эроди ҷиддие надорад.

Исмоил Талбаков, номзади Ҳизби коммунист мегӯяд, ба ситоди пешазинитихоботии ӯ дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Рӯдакӣ доир ба қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот иттилоъ расидааст. «Дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Рӯдакӣ зимни ба қитъаи интихоботӣ ворид шудани шаҳрвандон ҳолатҳои таблиғот ба нафъи як номзади алоҳида ба мушоҳида расидаанд ва ман дархост намудам, ки ин ҳолатҳо ҳуҷҷатгузорӣ шаванд», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки дар маҷмӯъ аз ҷараёни баргузории интихобот қаноатманд мебошад.

Номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки аз иштирокаш дар маъракаи интихоботӣ натиҷаҳои қаноатбахшро интизор аст. Ба андешаи ӯ, интихобот бо иштироки фаъоли аҳолӣ ва дар фазои ором доир гардида, ҳодисаҳои қонуншикании оммавии меъёрҳои қонунгузорӣ ба мушоҳида нарасидаанд. «Дар ситоди ман ҳолатҳои ҷудогонаи овоздиҳии як нафар аз номи ҳамаи аъзои оила ба қайд гирифта шудаанд», – зикр кард раиси ҲДТ.

Номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар ин робита зикр кард, ки андешаи худро дар бораи ҷараёни баргузории интихобот пас аз эълони натиҷаҳои он баён хоҳад дошт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон соати 10-и имрӯз натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар интихоботро эълон карданист.

spot_imgspot_img

Популярное