Фарогирии мавҷи телевизиони «Пойтахт» тавсеъа меёбад

spot_imgspot_img

Дата:


То охири соли ҷорӣ шабакаи телевизионии «Пойтахт» фиристандаи мавҷ (передатчик)-и худро ба наваш иваз мекунад.

Директори шабакаи телевизионӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки то ҳанӯз онҳо аз «Телерадиоком» фиристандаи мавҷро ба иҷора гирифта буданд ва дар арафаи иинтихобот фиристандаи нави фармоишӣ аз хориҷи кишвар дастрас шудааст, ки иқтидори он аз фиристандаи мавҷуда 6-7 маротиба зиёдтар мебошад.

«Таҷҳизот аз корхонаи НПП «Квант-Эфир»-и Украина дастрас шуда, хароҷоти он бо шумули ҳамлу нақл ва расмиёти гумрук 70 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Айни замон тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар дар заминаи фиристандаҳои маҳз ҳамин корхона фаъолият доранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, иқтидори фиристандаи нав ба 3,5 кВт ва фиристандаи мавҷуда ба 1 кВт баробар буда, бо назардошти кӯҳнаву фарсудагии он, иқтидори фиристандаи ҳозира ҳамагӣ 500-700 ваттро ташкил медиҳад.

Директори шабака изҳори итминон кард, ки баъди насби фиристандаи нав сифати тасвир бамаротиб беҳтар гардида, акнун дигар шаҳру навоҳии наздики пойтахт низ ба тамошои барномаҳои шабака дастрасӣ пайдо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ҳангоми пурра ба пахши рақамии барномаҳои телевизионӣ гузаштани Тоҷикистон, фиристандаи нав иваз намешавад, зеро он гибридӣ буда, ҳам барои пахши кунунӣ ва ҳам зимни гузаштан ба пахши рақамӣ коршоям хоҳад буд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...