Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 432,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки ин аз нақша 218 ҳазор тонна ё 201,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 60,8 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 116,4 фоиз таъмин гардид.
Бино ба маълумоти шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, аз ангишти истихроҷгардида ба миқдори 378 ҳаз. тоннааш ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 7,5 ҳазор тонна кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ, айни замон зиёда аз 162 корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин, чандин корхонаҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки корхонаҳои азими саноатию энергетикӣ аз 10 июли соли ҷорӣ кашонидани ангиштро оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар ин давра КВД «Талко» ҳудуди 72 ҳазор тонна, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» – беш аз 32 ҳазор тонна, Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе – ҳудуди 30 ҳазор тонна ва ҶСК «Тоҷиксемент» – беш аз 10 ҳазор тонна ангишт дастрас карданд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон 162 корхона дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи ангишт машғуланд. Феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.
Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.



