Соҳибкор Зайд Саидов ва адвокатҳои ӯ, ки ахири моҳи октябр ба нишони эътироз аз иштирок дар мурофиаҳои судӣ оид ба баррасии парванда
даст кашида буданд
, боз ба иштирок дар мурофиаҳо идома медиҳанд. Ҷаласаи ахири судӣ рӯзи 7-уми ноябр доир гардид.
Аз шарҳи сабаби тағйири тасмим ва идомаи иштирок дар мурофиаҳои судӣ адвокат Шуҳрат Қудратов худдорӣ варзид.
Ба гуфтаи ӯ, дар мурофиаи ахир нишондоди ҷабрдида Г.Е. аз рӯи далели дуюми таҷовуз ба номус ва як зан Г.В. ба сифати шоҳид шунида шуданд.
Қудратов ҳамчунин гуфт, ба наздикӣ адвокатҳо ният доранд, ки бори дигар ба суд дар бораи гузаронидани ташхиси мустақили генетикии ДНК-и кӯдак, ки ба эҳтимоли падар будани ӯ ба ин кӯдак соҳибкорро гунаҳкор мекунанд, дархост пешниҳод намоянд.
Ба қавли ӯ, яке аз сабабҳои аслии аз иштирок дар мурофиа даст кашидани Саидов маҳз рад шудани дархости баргузор намудани ташхиси такрории ДНК-и кӯдак буд. «Ташхиси аввали ДНК бидуни риояи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ гузаронида шуд, чунки аз зерҳимояи мо мавод барои ташхиси генетикии ДНК гирифта нашуда буд ва аз ин рӯ, мо ба хулосаи ин ташхис шубҳа дорем», – иброз дошт адвокат.
Дар мурофиаи гузашта Зайд Саидов ба нишони эътироз аз суд дархост намуд, ки минбаъд парвандаи ҷиноии ӯ бидуни ҳузури худаш дар толори суд баррасӣ шавад. Саидов аз якҷонибаву ғайривоқеӣ ва бидуни риояи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баррасӣ шудани парвандааш норозигӣ изҳор намуда буд.
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.



