Кормандони милиса иди касбиашонро ҷашн мегиранд

Рӯзи 10-уми ноябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Рӯзи милисаи тоҷикро таҷлил мекунанд. Имрӯз дар толори Кохи Ваҳдат бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорон, ҳайати шахсӣ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҷаласаи тантанавӣ бахшида […]

ASIA-Plus


Рӯзи 10-уми ноябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Рӯзи милисаи тоҷикро таҷлил мекунанд. Имрӯз дар толори Кохи Ваҳдат бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорон, ҳайати шахсӣ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида,  аз номи президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар  Бахтиёр Худоёров Паёми табрикотии сарвари давлатро ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ироа намуд.

Сипас вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич баромад намуда, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадоронро бахшида ба ин Рӯзи фаромӯшнашаванда, табрику муборакбод намуда, аз қаҳрамонию ҷоннисориҳои онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ёдовар гардид. 

Мавсуф махсус қайд намуд, ки матонату шуҷоат ва мардонагию ҷонсупории онҳо буд, ки дар кишвар сулҳу субот ва оромию осудагӣ таъмин гардид. Вазири корҳои дохилӣ инчунин, аз ғамхорию таваҷҷӯҳи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, бунёди садҳо иншооту биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, дастовардҳои беназири ин сохтори бонуфузи кишвар  суханронӣ  намуд.

Сипас консерти идона ин чорабининии бошукӯҳро идома бахшид.

Таърихи таъсисёбии милисаи тоҷик аз 7 декабри соли 1924 оғоз меёбад. Дар он рӯз Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон таъсис ёфта, Абдулло Ёрмуҳаммедов аввалин комиссари халқии корҳои дохилӣ таъин шуда буд.

1 январи соли 1925 –ум 33 нафар кормандони Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз Тошкент ба шаҳри Душанбе сафар карда ва 5 феврал ба пойтахти Тоҷикистон расиданд. Рӯзи дигар аввалин маҷлиси машваратии Комиссариати инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаи фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ баррасӣ шуд. Маҳз ҳамин рӯз, 6 феврали соли 1925 Рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик шуморида мешавад ва аз соли 1994 кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон рӯи иди касбиашонро 6-уми феврал ҷашн мегирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.