Аз қазияи халабонони Русия дар Тоҷикистон ду сол сипарӣ шуд

Рӯзи 8-уми ноябри соли 2011 суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестмент ЛТД» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба айбҳои ба онҳо пешниҳодшуда гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 8,5 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳ онҳоро ба қонуншиканӣ тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – даст доштан ба қочоқ, […]

Олег Буличев


Рӯзи 8-уми ноябри соли 2011 суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестмент ЛТД» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба айбҳои ба онҳо пешниҳодшуда гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 8,5 соли зиндон маҳкум карда буд.

Додгоҳ онҳоро ба қонуншиканӣ тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – даст доштан ба қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам эътироф кард.

Пас аз дахолати фаъолонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон прокурори минтақавӣ бозбинии парвандаро тақозо намуда, муҳлати ҷазои онҳо то 2,5 сол кам карда шуд. Дар ҳамин давра қонуни афв мавриди амал қарор гирифта, халабонон аз ҳабс озод шуда буданд.

Суд ба халабонон ба муддати 4 сол аз замони содир шудани ҳукми такрорӣ идораи ҳавопайамоҳоро манъ намуда буд, аммо ин қарори суд танҳо дар қаламрави кишвари айбдоркунанда амал мекунад ва онҳоро танҳо зарур буд, ки аз имзои қарордодҳои марбут ба парвозҳо ба Тоҷикистон даст кашанд.

Ҳар кадоме аз сокинони кишвари мо ва ҳатто нафароне, ки дар Русия ҳам машғули кору зиндагӣ нестанд, ба хубӣ дар хотир доранд, ки ҳабси халабонону ҳавопаймоҳо то чӣ андоза ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зарба зада буд.

Халабонон каме зиёдтар аз ним сол «меҳмон»-и маҳбасхонаии Тоҷикистон буданд. Қазияи онҳо баҳорон оғоз ва тирамоҳ ба итмом расид, яъне маҳз дар давраи озими Русия шудани муҳоҷирони кории тоҷик ва баргаштани онҳо ба ватан. Маскав аз хурӯҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳамчун як фишоре нисбати Душанбе дар масъалаи тағйири ҳукм кор гирифт.

Суд ҳукм нисбат ба халабононро тағйир дод, вале ҳавопаймоҳо то ҳол таҳти ҳабс қарор доранд. Имрӯз ҳам хоҳишмандон метавонанд бемалол ду ҳавопаймои Ан-72-и мутааллиқ ба ширкати «Rolcan Investment LTD»-ро бо арзиши қариб 2 млн. доллари ИМА дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа тамошо кунанд.

Пас аз ҳабси ҳавопаймоҳо ду сол сипарӣ шуд ва мутобиқи қоидаҳои маъмул, агар ҳавопаймо муддати тӯлонӣ мавриди истифода қарор нагирад, танҳо пас аз санҷиши комиссияи махсус ва ивази баъзе таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ба истифодаи минбаъдаи он иҷозат дода мешавад. Аз ин бармеояд, ки аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ, аз мусодираи ҳавопаймоҳо чизе ҳосил нашуд ва ин ҳам бо назардошти хароҷот барои истифодаи истгоҳу посбонӣ ва ғайра.

Айни замон халабонони дар Тоҷикистон маҳкумшуда ба фаъолияти касбии худ машғуланд. Владимир Садовничий дар яке аз кишварҳои дури африқоӣ ба идораи ҳавопаймои Як-42 ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко дар ватанаш аэробуси Ил-86-ро идора мекунанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.