Рашид Раҳимов сармураббии дастаи «Терек» таъин шуд

Мутахассиси варзидаи тоҷик Рашид Раҳимов сармураббии дастаи футболи Премйер-лигаи Русия – «Терек»-и Грознийи Ҷумҳурии Чеченистон таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 7-уми ноябр президенти дастаи «Терек» Магомед Даудов ба журналистон хабар додааст. Ба қавли Даудов, Раҳимов мутахассиси маъруф ва серталаб шинохта шуда, раҳбарият умедвор аст, ки ӯ вазъро беҳтар ва дастаро аз қисмати поёнии ҷадвал […]

ASIA-Plus


Мутахассиси варзидаи тоҷик Рашид Раҳимов сармураббии дастаи футболи Премйер-лигаи Русия – «Терек»-и Грознийи Ҷумҳурии Чеченистон таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 7-уми ноябр президенти дастаи «Терек» Магомед Даудов ба журналистон хабар додааст.

Ба қавли Даудов, Раҳимов мутахассиси маъруф ва серталаб шинохта шуда, раҳбарият умедвор аст, ки ӯ вазъро беҳтар ва дастаро аз қисмати поёнии ҷадвал раҳо мекунад. Қарордод бо Раҳимов ба муддати ду сол ба имзо расидааст.

Айни ҳол «Терек» аз 15 бозӣ 9 хол ба даст оварда, як зина болотар аз ҷойи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад ва дар сурати дар ҳамин мақом боқӣ мондан, Премйер-лигаро тарк хоҳад кард.

Рашид Раҳимов ба сифати бозингар дар дастаҳои «Помир»-и Душанбе, «Спартак» ва «Локомотив»-и Русия, «Валядолид»-и Испания ва дастаҳои «Аустрия», «Адмира Ваккер» ва «Рид»-и Австрия ҳунармоӣ намуда, дар тимҳои «Амкар»-и Перм ва «Локомотив»-и Маскав ҳамчуни сармураббӣ фаъолият карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.